«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Ғолибони фестивали мазкур муайян гардиданд

Февраль 22, 2022 16:51

ДУШАНБЕ, 22.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Фестивали II дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти унвони «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам» доир гардид. Дар он дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сазовори ҷойи якум гардид. Инчунин дастаи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва дастаҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи сеюмро ба даст оварданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар фестивал муовинони Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва Умед Гуреззода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, роҳбарияти воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва 7000 нафар афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ҳузур доштанд.

Зимни ифтитоҳи фестивал муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштирокдорони фестивал ироа намуд.

Зикр шуд, ки фестивали мазкур ба 29-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, бо мақсади самараноку мақсаднок истифода намудани инфрасохтори соҳаи варзиши пойтахт, ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани рўҳияи афсарону сарбозон дар роҳи содиқона хизмат кардан ба Ватан, ҷалби ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба ватандӯстию хештаншиносӣ, шиносоӣ пайдо намудан бо шароити хизмати афсарону сарбозон, ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ доир карда мешавад.

Фестивали мазкур аз чор қисмати асосӣ иборат буда, қисмати аввали онро маросими ифтитоҳӣ, қисмати дуюму сеюми онро сексияҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои варзишии футболи хурд, волейбол, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва варзиши сабук дар ду марҳила, марҳилаи интихобии 1-ум дар заминаи қисмҳои ҳарбию низомӣ ва марҳилаи интихобии 2-юм дар сатҳи шаҳр ташкил доданд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи Фестивал бо иштироки роҳбарият, афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ ва тодаъватӣ дар «Кохи Афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалӣ ва назариявӣ зери унвони «Дастовардҳои ҳарбию низомии даврони истиқлолият: ҳолат ва дурнамо», «Пос доштани обу хоки Ватан — рисолати ҷавонмардист» бо пешниҳоди роликҳои тарғиботӣ бо ҷалби 100 нафар, ташкили мулоқоту вохӯриҳо бо афсарону сарбозон ва курсантон дар Донишкадаи олии ҳарбӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ (дар сатҳи Раёсат ва комендатура) бо ҷалби қариб 1000 нафар, ташкили мизи мудаввар дар мавзӯи «Хизмат ба Ватан — шарафи ҷавонмардист!» бо фарогирии 70 нафар ва ташкили аксияҳои иттилоотию тарғиботӣ дар мавзӯи «Ба муҳофизати ватани маҳбубамон омода бош!» бо тақсими беш аз 5000 адад варақаҳои иттилоотӣ ва 500 адад китобҳои ватандӯстона доир карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки фестивали мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 17 то 22 феврал дар ҳудуди пойтахт баргузор шуд.

 

Зарангези ЛАТИФ,
Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОН,

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

 

Февраль 22, 2022 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд