Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон донишҷӯёни ятими кулл, маъюбон ва ниёзмандон аз пардохти маблағи таҳсил озод карда шудаанд

Февраль 3, 2022 14:48

ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон донишҷӯёни ятими кулл, маъюбони гурӯҳи 1, 2 ва донишҷӯёни нимятиму камбизоат аз пардохт намудани маблағи таҳсил озод карда шудаанд. Инчунин ба онҳо кумакпулии яквақатаинаи молиявӣ пардохт карда мешавад. Чунин маълумот дод ректори Донишгоҳи технологӣ  Илҳом Амонзода  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон.

Илҳом Амонзода  оид ба фаъолияти донишгоҳ маълумоти муфассал дода, гуфт, ки айни ҳол дар донишгоҳ 9 нафар донишҷӯёни ятими кулл, 11 нафар донишҷӯёни маъюби гурӯҳи 1, 2 ва зиёда аз 357 нафар донишҷӯёни нимятим ва камбизоат ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳамзамон мавсуф афзуд, ки барои вусъат додани ҳамкории байналмилалӣ Донишгоҳи тенологӣ бо муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, созмону ширкатҳои хориҷӣ  шартнома ва созишномаҳои тарфайн ба имзо расонидааст.

Зикр гардид, ки дар доираи ин ҳамкорӣ соли сипаригардида намояндагони муассисаву корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Корея ба донишгоҳ омада, ҷиҳати вусъат бахшидан ба раванди ҳамкории тарафайн созишнома ба имзо расониданд. Инчунин дар донишгоҳ Маркази таълимии муҳандисии лифтсозӣ дар ҳамкорӣ бо Коллеҷи лифти Корея ифтитоҳ гардид. Ин марказ дар оянда бо таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, мутахассисони соҳаи лифтсозӣ омода менамояд.

Баъдан миёни роҳбарияти донишгоҳ ва журналистон доир ба шароиту имконияти таҳсил, робитаҳои илмию таълимии донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар, ҷараёни таҷрибаомӯзии донишҷӯён, бо ҷои кор таъмин намудани онҳо ва дигар масоили вобаста ба беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати таълим, омода намудани мутахассисони рақобатпазири ба талаботи бозори меҳнати дохили кишвар ва хориҷи он ҷавобгӯ саволу ҷавоб сурат гирифт.

АКС: АМИТ “Ховар”

Февраль 3, 2022 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад