Дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид

Февраль 16, 2022 17:50

ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 феврал дар Душанбе ҷаласаи навбатии Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссия Сироҷиддин Муҳриддин баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Комиссия дар соли 2021 ва нақшаи корӣ барои соли 2022 баррасӣ гардид.

Таъкид шуд, ки яке аз вазифаҳои асосии Комиссия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ворид намудани мероси фарҳангии моддӣ, ғайримоддӣ ва табии кишвар ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад.

«Чунин иқдом ба манзури тарғиб, ҳифз ва ташвиқи тамаддуни ғании халқи тоҷик дар ҷаҳон ва ҷалби сайёҳон ба кишвар равон шудааст, ки бахше аз сиёсати давлат дар арсаи фарҳанг ба шумор меравад», — зикр намуд Сироҷиддин Муҳриддин.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО аҳаммияти ҷиддӣ дода, амалисозии лоиҳаҳоеро, ки дар рушди маориф, илм, ҳифзи мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии кишвар ва расонидани он ба наслҳои оянда саҳми арзанда мегузоранд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Зимни ҷаласа инчунин оид ба масъалаҳои фаъолияти Комиссияи мазкур намояндагони вазорату идораҳо суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Нақшаи кории Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО барои соли 2022 тасдиқ гардид.

 

Акс: ВКХ ҶТ

Февраль 16, 2022 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд