Дар Душанбе бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон дар мавзӯи таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир гардид

Февраль 15, 2022 15:02

ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи  «Таъмини баробарии гендерӣ дар Парлумон» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар назди иштирокчиёни ҳамоиш муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки ҷаласаи имрӯза фурсати хубест барои муҳокима ва саҳм гузоштани вакилони Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушд ва нумуи тавонмандсозии занон ва баробарии самараноки гендерии онҳо дар Парлумон.

Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар татбиқи сиёсати самарабахши гендерӣ иродаи қавӣ зоҳир намуда, дар таъмини ҳуқуқу имконияти баробари мардону занон дар кишвар саҳми арзишманд гузоштаанд.

Бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди қонунгузории гендерӣ замина мегузорад. Ҳамчунин Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба рушди минбаъдаи қонунгузории гендерӣ дар кишвар мусоидат мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Ҳамчунин Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025  нақшаи чорабиниҳои миллии мазкур, тадбирҳо оид ба гузаронидани экспертизаи гендерии қонунгузорӣ, ташаккули кадрҳои захиравӣ барои пешбарӣ ба сохторҳои идоракунии гендериро пешбинӣ менамояд.

Мақсади асосии Стратегия фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ барои ҳарчи бештари қобилияти занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ бо мақсади таъмини рушди устувори ҷомеа мебошад.


Бо мақсади беҳтар намудани дастрасии духтарон ба таҳсил соли 1997 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷудо намудани квотаҳои президентӣ барои духтарони лаёқатманд аз ноҳияҳои дурдаст қабул карда шуд.

Барои тарбия ва пешбарӣ намудани занони роҳбар барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони қобилиятнок барои солҳои 2017-2022” таҳия шудааст. «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва Барномаи давлатии тайёр намудани занони мутахассис ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2017-2022 қабул гардиданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарии мардону занон ва имконияти баробари татбиқи онҳо» ҳуҷҷати муҳим дар такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ гардид.

Барои беҳтар намудани дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид. Барои иҷрои ин барнома ва таҳкими иқтидори вазорату идораҳо ҳамасола аз буҷети давлатӣ 2 миллион сомонӣ ҷудо мешавад.

То имрӯз зиёда аз даҳҳо қонун, барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо ва конвенсияҳо қабул карда шудаанд, ки пурра ба масъалаҳои гендерӣ, занон ва духтарон, ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба ҷорӣ намудани принсипҳои гендерӣ ба қонунгузории ҷумҳурӣ бахшида шудаанд.

Якчанд қонунҳои дигар, ки ба дастгирии оилаҳои осебпазир, фароҳам овардани фазои мусоид дар оила ва тарбияи фарзандон нигаронида шудаанд, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» , «Дар бораи кумаки суроғавии иҷтимоӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи манъи ақди никоҳи хешутаборӣ», «Дар бораи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси оила оид ба муоинаи ҳатмии тиббӣ мебошанд.

Дилрабо Мансурӣ ҳамчунин изҳор намуд, ки  ҷузъи муҳими ҷаласаи имрӯза таъмини баробарии гендерӣ дар Парлумон мебошад.

Дар ин замина, бояд гуфт, ки занони Парлумони Тоҷикистон барои татбиқи бахшҳои сиёсӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон имконияти нав пайдо карданд.

Муҳокимаҳои парлумонӣ, муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо ҷалби  ВАО, тарғиби таъмини баробарии гендерӣ дар ҷомеа дар вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон ва ҳамкории байнипарлумонӣ дар минтақа аз салоҳият, ҳадаф ва вазифаҳои фаъолияти қонунгузорӣ ба ҳисоб меравад.

Февраль 15, 2022 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок доранд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар саҳни бинои нави Парлумони Тоҷикистон дарахт шинонданд
Ҷаласаи якуми иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Маҷлиси Олӣ мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор мебошад
Ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагон ва барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ бо ҳайати намояндагони Дафтари минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Дар Узбекистон вохӯрии роҳбарони дастгоҳи парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид
Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбанд
Маҳмадтоир Зокирзода: «Тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зарурати воқеӣ мебошад»