Ҳайати вакилони Тоҷикистон дар Муколамаи дуюми минтақавии парламентӣ оид ба рушди технологияҳои «сабз» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муколамаи дуюми минтақавии парламентӣ оид ба иқтисодиёти давравӣ ва истеъмолу истеҳсоли устувор, ки аз ҷониби барномаи SWITCH-Asia Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии муҳити зисти Осиёи Марказӣ (CAREC) дар шаҳри Алматои Қазоқистон идома дорад, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар муколама вакилони парламентҳо, намояндагони вазоратҳо, доираҳои тиҷорат ва ташкилоти байналмилалӣ аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ҷамъ омаданд.
Дар ҳамоиш намояндагони Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Тоҷиксемент» низ иштирок карда, ташаббуси мамлакатро дар рушди ҳамкорӣ байни сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ барои тарғиби иқтисодиёти «сабз» ва давравӣ баён менамоянд.
Ҳадафи асосии муколама таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва иштироки парламентӣ дар пешбурди асосҳои иқтисодиёти давравӣ ҳамчун воситаи калидии рушди устувор мебошад.
Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Ориф Амирзода изҳор намуд, ки гузариш ба иқтисодиёти давравӣ на танҳо ташаббуси экологӣ, балки самти нави иқтисодӣ буда, барои навоварӣ, шуғли аҳолӣ ва рушди устувор имконият фароҳам меорад.
«Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат «Стратегияи миллии идоракунии партовҳо то соли 2035» ва «Барномаи рушди миёнамуҳлати солҳои 2026–2030» таҳия карда мешавад, ки унсурҳои иқтисодиёти давравӣ — истеҳсолу истеъмоли устувор, бозистифодаи захираҳо ва рушди технологияҳои «сабз»-ро дар бар мегиранд»,-гуфт вакил.
Зимни мулоқот вакилони парламентҳои кишварҳои аъзои Осиёи Марказӣ пешрафтҳои миллӣ дар самти иқтисодиёти давравиро баррасӣ намуда, мубодилаи таҷрибаи қонунгузориро зарур шумориданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






