Дар Душанбе оид ба пешгирии омилҳои номатлуб миёни ноболиғон мулоқот баргузор гардид

Февраль 16, 2022 10:13

ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал дар шаҳри Душанбе вобаста ба пешгирии омилҳои номатлуб, муноқишаҳои байнимактабӣ ва авбошии ноболиғон ва дар ин замина ба роҳ мондани ҳамкории судманд миёни соҳаи маориф ва мақомоти корҳои дохилӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Дар мулоқот сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, муовини сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Худойдод Пирмадзода, сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Фирдавс Хайров, сардори шуъбачаҳои огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғону ҷавонони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, муовинони директор оид ба тарбияи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” Фирӯзи Маҳмадулло иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо махсусан сатҳи оворагардию ҳуқуқвайронкунӣ ва содир гардидани ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон нисбат ба солҳои гузашта хеле паст шуда, падару модарон низ барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандон тадбирҳои зарурӣ андешида, шароити хуби маърифатнок намудани онҳоро ба роҳ монда истодаанд. Аммо бо вуҷуди ин, барои боз ҳам коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ миёни насли навраси ҷомеа ва ба ҳаёти осудаву арзанда роҳнамоӣ кардани онҳо аз мақомоти дахлдор ва пеш аз ҳама, аз падару модар масъулияти бештар тақозо мегардад.


Дар ин росто волидон вазифадоранд, ки инкишофи қобилияти фарзандонро фароҳам оварда, шаъну шарафи инсонии онҳоро эҳтиром намуда, ба муомилаи бераҳмона нисбат ба онҳо роҳ надиҳанд, бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкорӣ намоянду пайваста аз ҷараёни донишандӯзии фарзандон бохабар шаванд. Ҳар падару модар масъуланд дар раванди таълиму тарбияи фарзанд ҷиҳатҳои рӯҳию равонии онҳоро ба назар гирифта, кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки ба кӯдакон зӯроварӣ накунанд ва аз зинаҳои инкишофи кӯдакон бархӯрдор шаванду таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монанд.

Баҳром Исмоилзода гуфт, ки «имрӯз аҳли маориф ва устодону омӯзгорон вазифадоранд дар ҳамкории доимӣ бо падару модарон дар таъмини иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ташаббускору пешсаф бошанд».

Дар анҷоми ҳамоиш аз иштирокчиён талаб карда шуд, ки бо падару модарон корҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монда, фарзандони худро ба роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон — Тоҷикистон ҳидоят карда, тавонанд дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллати худ ифтихор намоянд.

 

АКСҲО: Сарраёсати маорифи ш. Душанбе

Февраль 16, 2022 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид