Дар Форуми иқтисодии Арабистони Саудӣ зарфияти тиҷоратӣ ва иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон муррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Риёз 15 феврал бо ташаббуси Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Подшоҳии Арабистони Саудӣ Форуми иқтисодӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид, ки дар он ҷониби Тоҷикистон низ иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суханронӣ дар форум Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ имконияту зарфияти иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, иқтидорҳои гидроэнергетикӣ, кишоварзӣ, саноатӣ ва сайёҳии Тоҷикистон ва инчунин имтиёзҳои фискалиеро, ки дар қонунгузории кишвар барои сармоягузорони хориҷӣ пешбинӣ шудаанд, муаррифӣ намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ навори видеоӣ дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.
Дар ин ҳамоиш инчунин сафирони Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон дар Риёз, роҳбарият ва аъзои Федератсияи палатаҳои Арабистони Саудӣ, масъулони Бонки рушди исломӣ, Фонди рушди саудӣ ва намояндагони беш аз 50 ширкати бахши хусусии кишвари иқомат ширкат варзиданд.
АКС: ВКХ ҶТ








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






