Дар Хоруғ бо мақсади тақвияти фаъолияти истеҳсолии соҳибкорон филиали КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ ёфт

Февраль 3, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал  дар шаҳри Хоруғи ВМКБ  филиали Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ба фаъолият оғоз намуд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти ин бонк ба АМИТ «Ховар».

Дар маросими кушодашавии бинои филиал муовини якуми Раиси Раёсати КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» Азизшо Ғарибшозода, Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот,  Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, намояндагон аз Бонки миллӣ дар ВМКБ, соҳибкорзанон ва соҳибкорони фаъоли вилоят ва шаҳри Хоруғ иштирок доштанд.

Муовини якуми Раиси Раёсати КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» Азизшо Ғарибшозода иброз намуд, ки самти муҳим ва афзалиятноки фаъолияти бонк- ин дастгирии молиявии корхонаҳои саноативу истеҳсолии навтаъсис, амалкунанда ва соҳибкорони инфиродии самти корашон ба истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба шумор меравад.

Филиали бонк дар шаҳри Хоруғ дорои 12 воҳиди корӣ буда, ҳама кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шудаанд. Дар филиал тамоми хизматрасониҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади рушди соҳаи саноат, ки заминаҳои он ба ҳадафи чаҳоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 асос ёфтааст, раванди сармоягузории фаъолияти истеҳсолии соҳибкорон аз ҳисоби маблағҳои қарзии «Саноатсодиротбонк» имконияти муфид ва саривақтист.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» табдил дода шуд. Ҳадафи аслии он дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ мебошад.

Дар айни замон филиалҳои КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд фаъолият мекунанд.

АКС аз КВД БССТ «Саноатсодиротбонк»

Февраль 3, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст