Дар Хуҷанд мусобиқаи кушод аз намуди таэквон-до бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар/. Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушод аз намуди таэквон-до (ВТФ) ҷамъбаст гардида, ғолибону ҷоизадорон ва бозингарони беҳтарин дар вазъияти тантанавӣ бо диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Мусобиқа бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабинии бахши кор бо ҷавонон ва варзиш доир гардида, дар он зиёда аз 150 нафар варзишгарон иштирок намуданд.
Тибқи низомнома, дар мусобиқа кадетҳои солҳои таваллудашон 2011-2015, наврасони солҳои таваллудашон 2008-2010 ва ҷавонони солҳои таваллуди 2005-2007 иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории мусобиқа- ин рушди намуди варзиши таэквон-до (ВТФ), ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
АКС: маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






