Дар маркази таълимии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Рӯзи дарҳои кушод ташкил карда шуд

Февраль 9, 2022 10:14

ДУШАНБЕ,  9.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист» Рӯзи дарҳои кушод ташкил карда шуд, иттилоъ  доданд дар бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Дар он муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода ва муовини қисми ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявӣ Нусратулло Каримов иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки мақсад аз баргузории  чунин чорабиниҳо талқини ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ миёни ҷавонон буда, баргузории он дар дигар қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ идома дорад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ саҳми беназири Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар устувории пояҳои Артиши миллӣ ва таъмини он бо шароити мувофиқ барои иҷрои уҳдадории конститутсионӣ ва шаҳрвандӣ назаррас аст.

Масъалаи ватандӯстӣ яке аз масъалаҳои калидӣ дар тарбия ва ташаккули насли наврасу ҷавони кишвар маҳсуб шуда, адои уҳдадории ҳарбӣ рисолат ва қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард мебошад.

Дар Рӯзи дарҳои кушод дар қисми низомӣ 100 нафар ҷавонони синни даъватӣ иштирок намуданд. Ҷавонони синни даъватӣ аз имконияти мавҷудаю воқеии қисми ҳарбӣ ва маркази таълимии пойтахт, ошхона, хобгоҳ, хонаи маишӣ, хонаи истироҳатӣ, ҷойи машқу таълимгоҳ, майдону толори варзишӣ, китобхона ва осорхона дидан намуданд.

Зимни боздид аз маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷавонони синни даъватӣ бо машқи таълимии кинологӣ шинос шуда, корнамоии сагони омодашударо барои анҷоми амалиёти тактикии ҳарбӣ аз наздик диданд.

Дар хатми чорабинӣ ба ҳайати шахсиву сарбозону афсарон аз ҷониби Кумита  сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ

Февраль 9, 2022 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид