Дар мавзеъҳои кӯҳии Панҷакент зимни корҳои биотехникӣ беш аз ду тонна ғалладона ва хошок гузошта шуд

Февраль 3, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони  бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент  дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ҷангалзор зимни гузаронидани   корҳои биотехникӣ барои ҳайвоноти  ваҳшӣ беш аз ду тонна ғизо гузошта шуд, ки аз 450 кг гандум, 400 кг ҷав, 550 кг сабус, 250 кг орди навъи сеюм, 200 кг намак,  45 бастаи алаф, 30 бастаи алафи беда, 350 нарма ва 50 кг намаксанг иборат мебошад.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ин иқдом бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз сардиҳои фасли зимистон андешида шудааст.

Дар мавзеъҳои ҷангалзор ва кӯҳии Панҷакент  намудҳои гуногуни ҳайвоноти ёбоӣ, ба монанди хуки ваҳшӣ, хирс, гург, рӯбоҳ, ҷайра ва дигар намуди парандаҳо сукунат доранд.

    АКСҲО аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ

Февраль 3, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд