Дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод Литсейи иқтисодӣ-риёзӣ таъсис дода мешавад

Февраль 9, 2022 08:50

ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Литсейи иқтисодӣ-риёзӣ таъсис дода мешавад. Дар ин бора 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода изҳори назар  намуд.

Шукрулло Хайрзода иброз дошт, ки бо эълон гардидани солҳои 2020-2040  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» Раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод тасмим гирифтааст, ки дар назди донишгоҳ Литсейи иқтисодӣ-риёзӣ таъсис диҳад.

«Мо дар шафати донишгоҳ як бинои замонавиро мавриди истифода қарор дода истодаем, ки корҳои таъмирии он ҷараён доранд. Инчунин  нақша дорем, ки дар як қисмати бино  барои хонандагон хобгоҳ ташкил кунем. Самти донишгоҳ, ки  пеш аз ҳама, самти риёзист, мақсаду ҳадафи мо ин аст, ки мутахассисонро аз мактаби миёна тайёр кунем. Тамоми кабинетҳои фаннии литсей бо таҷҳизоти зарурӣ муҷҷаҳаз карда мешаванд. Коллективи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки Литсейи иқтисодӣ-риёзӣ  сентябри соли 2022 мавриди истифода қарор дода шавад»,-афзуд ректор.

Дар нишаст вобаста ба гузариш ба иқтисоди рақамӣ ректори донишгоҳ гуфт, ки донишгоҳ дар заминаи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ихтисоси иқтисоди рақамиро таъсис дод, ки он дар гурӯҳи ихтисосҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Аз соли 2022 қабули довталабон  ба ин ихтисос ба роҳ монда шудааст.

Инчунин дар нишаст зикр шуд, ки айни ҳол дар донишгоҳ 9 ҳазору 743 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки аз инҳо 1584 нафар тариқи буҷавӣ ва 8155 нафар тариқи шарномавӣ таҳсил мекунанд. 808 нафар донишҷӯ гирандагони стипендияи донишгоҳ, 4 нафар гирандагони стипендияи президентӣ ва 2 нафар гирандагони стипендияи ректори донишгоҳ мебошанд.

Шукрулло Хайрзода афзуд, ки донишҷӯёне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол мекунанд, давоми як сол  гирандагони стипендияи ректори донишгоҳ мегарданд. Ин ҳам як роҳи ҳавасмангардонии донишҷӯён мебошад. Инчунин  19 нафар донишҷӯи ятими кулл ва 17 нафар донишҷӯи маъюб  аз пардохти маблағи таҳсил озод карда шуда, бо хобгоҳ  низ ройгон таъмин карда шуданд.

АКСҲО: ДДМИТ

Февраль 9, 2022 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид