Дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод Литсейи иқтисодӣ-риёзӣ таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Литсейи иқтисодӣ-риёзӣ таъсис дода мешавад. Дар ин бора 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода изҳори назар намуд.
Шукрулло Хайрзода иброз дошт, ки бо эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» Раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод тасмим гирифтааст, ки дар назди донишгоҳ Литсейи иқтисодӣ-риёзӣ таъсис диҳад.
«Мо дар шафати донишгоҳ як бинои замонавиро мавриди истифода қарор дода истодаем, ки корҳои таъмирии он ҷараён доранд. Инчунин нақша дорем, ки дар як қисмати бино барои хонандагон хобгоҳ ташкил кунем. Самти донишгоҳ, ки пеш аз ҳама, самти риёзист, мақсаду ҳадафи мо ин аст, ки мутахассисонро аз мактаби миёна тайёр кунем. Тамоми кабинетҳои фаннии литсей бо таҷҳизоти зарурӣ муҷҷаҳаз карда мешаванд. Коллективи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки Литсейи иқтисодӣ-риёзӣ сентябри соли 2022 мавриди истифода қарор дода шавад»,-афзуд ректор.
Дар нишаст вобаста ба гузариш ба иқтисоди рақамӣ ректори донишгоҳ гуфт, ки донишгоҳ дар заминаи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ихтисоси иқтисоди рақамиро таъсис дод, ки он дар гурӯҳи ихтисосҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Аз соли 2022 қабули довталабон ба ин ихтисос ба роҳ монда шудааст.
Инчунин дар нишаст зикр шуд, ки айни ҳол дар донишгоҳ 9 ҳазору 743 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки аз инҳо 1584 нафар тариқи буҷавӣ ва 8155 нафар тариқи шарномавӣ таҳсил мекунанд. 808 нафар донишҷӯ гирандагони стипендияи донишгоҳ, 4 нафар гирандагони стипендияи президентӣ ва 2 нафар гирандагони стипендияи ректори донишгоҳ мебошанд.
Шукрулло Хайрзода афзуд, ки донишҷӯёне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол мекунанд, давоми як сол гирандагони стипендияи ректори донишгоҳ мегарданд. Ин ҳам як роҳи ҳавасмангардонии донишҷӯён мебошад. Инчунин 19 нафар донишҷӯи ятими кулл ва 17 нафар донишҷӯи маъюб аз пардохти маблағи таҳсил озод карда шуда, бо хобгоҳ низ ройгон таъмин карда шуданд.
АКСҲО: ДДМИТ








«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид






