Дар ояндаи наздик дар мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон кодҳои QR ҷорӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Мо болои таҳияи кадастри нави мавзеъҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон кор карда истодаем, ки дар он кодҳои QR бо иттилооти зарурӣ насб карда мешаванд». Чунин гуфт Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Тоҷиддин Ҷӯразода тазаккур дод, ки дар чаҳорчӯби рақамисозӣ навсозӣ ва такмили харитаҳои роҳ, ки бо кодҳои QR фаъолият мекунанд, дар назар аст.
«Соли гузашта масъалаи рақамисозии дайри буддоии «Аҷина-теппа» бо сафоратҳои Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ баррасӣ шуда буданд. Сайёҳон ва пайравони буддизм пас аз расидан ба он ҷо метавонанд аз кодҳои QR истифода баранд. Имконият дорем ва онро бо захираҳои молӣ тақвият медиҳем», — афзуд Тоҷиддин Ҷӯразода.
Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки соли 2022 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намудаанд, беш аз 296 ҳазор нафарро сайёҳон ташкил медиҳанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 15,5 фоиз камтар аст.
Зикр гардид, ки алҳол дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 300 субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 182 меҳмонхона, 29 ҳостелҳо ва мотелҳо, қариб 50 осоишгоҳ, 7 осоишгоҳҳои кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 8 марказҳои муолиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ, 7 хонаи истироҳатӣ, ду пансионат ва кемпинг, инчунин чор пойгоҳи сайёҳӣ ва истироҳатӣ ба хизматрасонии сайёҳӣ машғуланд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд






