Дар Паёми Пешвои миллат дурнамои сиёсати давлатӣ то соли 2026 муайян гардидааст,- бардошт аз ҷаласаи васеъ дар Саридораи геология

Февраль 11, 2022 13:55

ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Саридораи геология ва  намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ, инчунин гурӯҳи таблиғотӣ  аз ҳисоби вакилони ноҳиявӣ ҷиҳати расонидани нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеъ  доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Саридораи геология.

Зимни мулоқот сардори Саридора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода вобаста ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат ибрози андеша намуда, гуфт, ки “Паёми навбатӣ аз паёмҳои солҳои қаблии Пешвои миллат фарқ мекард, чунки дар он натиҷаи фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ ҷамъбасту таҳлил гардида, дурнамои сиёсати давлатӣ то соли 2026 муайян гардидааст”.

Зикр шуд, ки дар Паёми имсола Пешвои миллат, бахусус ба соҳаи саноат таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Роҳбари давлат Ҳукумати мамлакат ва мақомоти дахлдорро дастур доданд, ки дар ин давра зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад.

Инчунин бо дарназардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026 Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд. Эълон гардидани Солҳои рушди саноат, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва бо кор таъмин кардани аҳолии мамлакат мусодат хоҳад кард. Дар ин самт кормандони Саридораи геология бояд саҳми назаррас дошта бошанд, зеро яке аз масъалаҳои муҳим — ин таъмин намудани корхонаҳои саноатии маъдани кишвар  бо ашёи хоми ватанӣ ва захираҳо мебошад.

Президенти Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатӣ таъкид намудаанд, ки айни замон дар шароити соҳибистиқлолӣ иқтисодиёти кишварро бе ташкили корхонаҳои калони саноатии коркардкунандаи ашёи минералӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Имрӯзҳо маҳз дар доираи захираҳои ашёи минералии  маҳаллӣ, ки аз тарафи кормандони соҳаи геология ҳисобӣ ва ба тавозуни давлат гузашта шудаанд, корхонаҳои хурду бузурги саноати маъдани кишвар арзӣ ҳастӣ менамоянд.

Имрӯз барои эҳтиёҷоти корхонаҳои ватанӣ баъзе ашёи хом аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд. Эълон гардидани Солҳои рушди саноат кормандони мақомоти геологияро вазифадор менамояд, ки дар кашф ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки сахт бештар заҳмат кашанд. Зеро мавриди истифода қарор додани имконияту захираҳои дохилӣ ба рушди соҳаи саноат замина гузошта, корхонаҳои саноатии мамлакат аз вобастагӣ ба воридоти ашёи хом пурра раҳо меёбанд. Яъне, ба шароиту имконияти содиротӣ ноил мешаванд.

Расидан ба ин ҳадаф  метавонад омили асосии ғанӣ гардонидани буҷаи давлат гардад ва баҳри рушди устувори иқтисодиёти кишварамон заминаҳои мусоид фароҳам оварад.

Ҳоло дар қаламрави мамлакат зиёда аз 600 кони канданиҳои фоиданок кашф шудааст, ки дар онҳо зиёда аз 60 намуди ашёи минералӣ маҳфузанд.

Аз ин лиҳоз, соҳаи саноати кўҳӣ-металлургӣ яке аз соҳаҳои фоидаовари хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба шумор рафта, омили асосии ғанӣ гардонидани буҷаи давлат мебошад.

Бинобар ин, кормандони Саридораи геологияро зарур аст, ки дар Солҳои рушди саноат имконияту иқтидорҳои мавҷударо самаранок истифода карда, барои татбиқи ин иқдом тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар ҷаласаи васеъ инчунин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷӯрабек Муродов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷумахон Ҷӯразода, вакилон аз Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Мунира Ғанизода ва Амонулло Қудратзода доир ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва пешгирии бемории сироятии ковид андешаҳояшонро иброз намуданд.

 

АКСҲО: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 11, 2022 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?