Дар Суғд ҳамкории муштарак дар соҳаи саноати сабук ва коркарди пахта миёни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии ҶДММ «Пахтакор Голд Текстил»-и Ҷумҳурии Узбекистон Меҳриддин Юсупов мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи саноати сабук ва коркарди пахта мубодилаи афкор намуданд, иттилоъ дод котиби хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов ба АМИТ «Ховар».
«Тавассути сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкории дуҷонибаи давлатҳои дӯсту бародар тавсеа ёфта, робитаҳо дар бахшҳои мухталиф тақвият меёбанд. Аз ҷумла, дар соҳаи саноат низ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, соҳибкорони тоҷику узбек то имрӯз аллакай чанд корхонаи муштарак фаъол намуданд»,- иброз намуд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо Меҳриддин Юсупов.
Мавсуф вобаста ба имконияти вилоят дар самти истеҳсолу коркарди пахта маълумот дода, изҳор дошт, ки ҷонибҳо метавонанд дар ин ҷода корҳои назаррас амалӣ созанд. Соҳибкорони узбек дар навбати худ доир ба фаъолияти корхонаи «Пахтакор Голд Текстил», ки яке аз корхонаҳои муваффақ аст, маълумот дода, омодагии худро барои амалисозии тарҳҳои муштарак баён доштанд.
Ёдовар мешавем, ки дар мулоқот Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир низ ҳузур дошт.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид






