ДАРАХТ БИНШОН! Дар Исфара 400 бех ниҳоли олу парвариш карда мешавад

Февраль 26, 2022 09:44

ДУШАНБЕ, 26.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳамроҳ бо пирони кор ва масъулину мутахассисони бахши кишоварзӣ дар Кооперативи тиҷоратию истеҳсолии «Кишоварзони Навгилем» дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар боғи сиёҳолу иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар медиҳад.

Зикр карда шуд, ки масоҳати боғи мазкур қариб ду гектар буда, дар он олуи сиёҳи навъи «Венгерка» парвариш карда мешавад. Дар умум дар ин қитъаи замин беш аз 400 бех ниҳоли олу парвариш мешавад.

Бино ба гуфти муовини раиси хоҷагӣ Абдумухтор Ахмедов, айни замон дар ҳудуди боғоти «Кишоварзони Навгилем» ба ғайр аз олуи сиёҳ инчунин зиёда аз 40 намуди зардолу парвариш карда мешавад.

Чун хоҷагии мазкур дар самти сабзавоткорӣ низ фаъолияти назаррас дорад, дар замини байни қаторҳо асосан сабзавот кишту парвариш карда хоҳад шуд. Ин дар оянда ҷиҳати таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хоми маҳаллӣ ва ғанигардонии бозори дохилӣ бо сабзавоти тару тоза мусоидат мекунад.

Мавриди зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Исфара дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ майдони боғот зиёда аз 13 300 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 11 ҳазор гектарашро зардолузор ташкил медиҳад.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода иқдоми хоҷагидоронро ҷиҳати бунёди боғҳои нав, аз ҷумла боғи сиёҳолу шоистаи дастгирӣ ва мувофиқи матлаб ҳисобида, зимнан дастур дод, ки боғдорон бо истифода аз усулҳои муосир ва таҷрибаҳои пешқадами соҳавӣ барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ низ амалан ташаббус зоҳир намоянд.

Ҳамчунон ба садорати хоҷагӣ тавсия дода шуд, ки ҷиҳати шинонидани ниҳоли дарахтони ороишӣ қад-қади роҳ мусоидат намояд.

Мардуми Исфара ҳам дар боғдорӣ ва ҳам дар хушк кардани навъҳои гуногуни мевагиҳо таҷрибаи ғании аҷдодӣ доранд. Соҳибкорони Исфара дар самти коркарду банду басти меваи хушк ва содироти он ба хориҷи кишвар пешсафанд.

 

АКС: МИҲД-и ш. Исфара

Февраль 26, 2022 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд