Дастовардҳои ҳифзи муҳити зист ва ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар Найробӣ муаррифӣ мешаванд

Февраль 28, 2022 14:14

ДУШАНБЕ, 28.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур   Шерализода дар иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид /СММ-  UNEA/ ва ҷаласаи ғайринавбатии Ассамблея бахшида ба 50-солагии таъсиси он, ки  аз 28 феврал то 2 март  ва 3-4 марти соли 2022 дар қароргоҳи Барномаи муҳити зисти СММ дар Найробии Кения баргузор мешаванд, иштирок менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи муҳити зисти СММ  таҳти раёсати вазири иқлим ва муҳити зисти Норвегия Эспен Барт Эйде зери  унвони «Тақвияти фаъолияти экологӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор»  бо иштироки вазирони ҳифзи муҳити зисти кишварҳои ҷаҳон  ва сарони бархе аз давлатҳо баргузор мешавад. Дар назар аст, ки дар иҷлосияи панҷум якчанд ташаббусҳои муҳим барои ҳалли буҳрони  сайёра — тағйирёбии иқлим, талафоти гуногунии биологӣ, ифлосшавӣ тавассути партовҳои пластикӣ, барқарорсозии муҳити зист, иқтисодиёти даврӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ баррасӣ гарданд.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа эъломияи сиёсӣ қабул шавад, ки ҳадафи он таҳкими UNEP ва густариши бисёрҷонибаи ҷаҳонии экологӣ мебошад.

Дар мулоқоти сатҳи баланд инчунин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла эълон гардидани соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо ва эълон кардани Рӯзи байналмилалии он муаррифӣ карда мешаванд.

 АКСҲО аз бойгонӣ

Февраль 28, 2022 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд