«ДОНИШҶӮИ СОЛ-2022». Дар Суғд бо мақсади ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат озмун гузаронида мешавад

Февраль 8, 2022 09:10

ДУШАНБЕ, 8.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори раиси вилояти Суғд миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол-2022» гузаронида мешавад, иттилоъ доданд дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати​ давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат ва ба ин васила ҷалби онҳо ба донишандӯзию илмомӯзӣ, ҳамчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас доир шуда, дар он донишҷӯёни курсҳои 2,3 ва 4-и муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва донишҷӯёни курсҳои 2 ва 3 -и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонанд иштирок намоянд.

Даври аввали он дар факултетҳо, даври дуюм миёни ғолибони даври аввал ва даври ниҳоӣ​ миёни ғолибони даври дуюм тибқи шартҳои озмун ҷараён мегирад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Февраль 8, 2022 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд