ДУШАНБЕРО БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ! Дар маҳаллаи Сари Осиё беш аз 450 бех ниҳоли ороишии ҳамешасабз шинонида шуд

Февраль 23, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар маҳаллаи Сари Осиёи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт беш аз 450 бех ниҳоли ороишии ҳамешасабз шинонида шуд. Ниҳолҳо зери назорати мутахассисон бо риояи талаботи агротехникӣ шинонида шуда, нигоҳубин ва сари вақт обёрӣ намудани онҳо ба зиммаи масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ вогузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ин мавзеъ беш аз 2 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида, дар таъмини ободонию шукуфоии пойтахти Ватани азизамон- шаҳри Душанбе ҳисса гузорад.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо вобаста ба сарсабзу шукуфон гардонидани пойтахт дастгирӣ намуда, дар беҳдошти муҳити зист ва тақвияти корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ саҳм гузошта истодааст.

 

АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Февраль 23, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад