Маҷлиси намояндагон бо мақсади ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳалли масъалаҳои экологӣ озмун эълон менамояд

Февраль 22, 2022 09:25

ДУШАНБЕ, 22.02.2022 /АМИТ «Ховар/. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, хусусан маърифати экологӣ Озмуни ҷумҳуриявии матолиби беҳтаринро дар мавзӯи «Маърифати экологӣ» дар самти ҳалли масъалаҳои экологӣ вобаста ба муҳим будани татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) эълон менамояд.

Тавре раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, озмун дар як давр аз 1 март то 1 декабри соли 2022 гузаронида мешавад. Асару мақолаҳо бояд мавзӯъҳои намунавии зеринро инъикос намоянд:

— дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзи муҳити зист,

— истифодаи оқилонаи захираҳои обии кишвар, ки дар паёмҳои ҳарсола баён гардидаанд;

— самтҳои асосии баланд бардоштани маърифати экологии аҳли ҷомеа;

— тарбия ва таълими донишҳои экологии насли наврас;

— такмили ихтисос ва донишҳои экологии масъулон ва мутахассисон;

— таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои тарбия ва маърифати экологӣ;

— мусоидати маърифати экологӣ ба рушди устувор;

— тарғиби омӯзиш ва фаҳмонидани аҳамияти тозагии муҳити атроф, аз ҷумла об.

Масъулони баргузории озмун Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашрияи расмии Маҷлиси Олӣ­ — «Садои мардум» мебошанд.

Матолиби интишоршуда бояд мавзӯъҳои рӯзмарраи вобаста ба ҳалли масъалаҳои экологиро инъикос намоянд. Зимни баррасии асар моҳият, мазмун, рӯзмарра будани масъалаҳои дар он дарҷгардида ва мувофиқати он ба ҳифзи манфиатҳои ҷумҳурӣ, ба чоп расидани он дар нашрияҳои маҳаллӣ, соҳавӣ, ҷумҳуриявӣ ва берун аз он, инчунин вокуниши хонандагон ба матолиби дарҷшуда ба инобат гирифта мешавад.

Ҳамчунин иштирокчиёни озмун бояд мақола, гузориш ва асарҳои худро дар воситаҳои ахбори омма интишор намоянд.

Ғолибони озмун дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплому сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда мешаванд.

 

АКС: МН МО ҶТ

Февраль 22, 2022 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид