Маҳсулоти ҶСП «Машруботи Суғд» дар намоишгоҳи «ProdExpo-2022» дар Москва бо ду медал қадрдонӣ гардид
ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маҳсулоти ватании Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Машруботи Суғд» дар озмуни «Маҳсулоти беҳтарин», ки дар доираи намоишгоҳи «ProdExpo-2022» дар шаҳри Москва доир шуд, соҳиби 2 медал гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи 29-уми байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо «ProdExpo-2022» аз 7 то 11 феврал дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид ва дар он корхонаҳои истеҳсолӣ, ки аъзои Палатаи савдо ва саноат буда, ба истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ, меваҳои хушк, сабзавот ва маҳсулоти консервашуда машғуланд, иштирок намуданд.
«ProdExpo-2022» бузургтарин Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ ва нӯшокиҳо дар Русия ва Аврупои Шарқӣ арзёбӣ гардида, беш аз 2000 иштирокчиро аз 54 кишвари ҷаҳон дар Москва ҷамъ овард.
АКС: Палатаи савдо ва саноати ҶТ








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






