Маркази миллии тестӣ: Ба нақшаи қабули ИМД соли таҳсили 2022-2023 тағйиру илова ворид шуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2022-2023 тағйирот ворид гардидааст, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» котиби маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, вобаста ба тағйироти баамаломада номи баъзе аз муассисаҳои таълимӣ тағйир ёфта, инчунин баъзе ихтисосҳо аз феҳристҳо хориҷ гардиданд ва ба феҳристҳо якчанд комбинатсияи ихтисосҳои нав ворид карда шуд. Тағйироти дигари баамаломада кам шудани маблағи шартномаи таҳсил дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳост.
Гуфта шуд, ки ба низоми ИМД Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (ғайридавлатӣ) ворид карда шуд, ки комбинатсияи ихтисосҳои он низ дар маводи қаблан чопшуда мавҷуд нест.
Ин тағйиру иловаҳо баъд аз чопи дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ворид гардиданд. Ба довталабон тавсия медиҳем, ки барои интихоби ихтисосҳо аз феҳристҳое, ки дар шакли чопӣ дар ҳар нуқтаи бақайдгирӣ дастрасанд, истифода намоянд. Нусхаи электронии феҳристҳои комбинатсияҳои ихтисосҳо дар сомонаи марказ низ бо дарназардошти тағйиру иловаҳои зикршуда ҷой дода шудаанд.
Инчунин ба шахсоне, ки комбинатсияҳои ихтисосҳоро бо истифода аз гунаи чопии дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» аллакай интихоб кардаанд, тавсия дода мешавад, ки бори дигар интихобҳояшонро бо истифода аз маводи нави нуқтаҳои бақайдгирӣ ё дар сомонаи Марказ ҷойдошта муқоиса намоянд.
АКС аз бойгонӣ








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






