МОРО ДАР 50 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ПАЙВАСТА МЕХОНАНД. Соли 2021 аз сомонаи АМИТ «Ховар» қариб 4 миллион маротиба дидан кардаанд

Февраль 14, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 аз сомонаи АМИТ «Ховар» 3 миллиону 944 ҳазору 856 нафар дидан кардаанд. Чунин маълумотро ба мо хадамоти русии liveinternet.ru, ки ба ҷамъоварӣ ва таҳлили ченакҳои самароникии сомонаҳо машғул аст, пешниҳод намуд.

Аз шумораи умумии хонандагони доимии мо 17 712 нафарро мардон ва 9 268 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Моро дар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон мехонанд, ки дар 50 тои онҳо дар соли 2021 аз ҳама бештар ба сомонаи мо даромадаанд. Ба даҳгонаи аввал Тоҷикистон, Русия, ИМА, Беларус, Узбекистон, Норвегия, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия ва Ҳонконг дохил мешаванд.


Албатта, чунин теъдоде аз корбарони интернет ба барномаҳои Радиои «Ховар» низ дар басомади 101,5 FM дастрасӣ доранд, ки онро метавон дар сомонаи www.khovar.tj мустақиман гӯш кард.

Ёдовар мешавем, ки АМИТ «Ховар» мақомоти  марказии иттилоотии Тоҷикистон  ва яке аз агентиҳои маъруфи иттилоотӣ дар минтақа ва фазои пасошӯравӣ мебошад. Агентӣ соли  1925 ҳамчун агентии телеграфии ҷумҳуриявӣ (ТоҷикТА) дар низоми ТАСС дар Душанбе ба фаъолият щурӯъ кард. Баъди ба даст овардани истиқлолият аз 10 апрели соли 1992 ТоҷикТа ба Маркази иттилоотии Тоҷикистон (МИТ) «Ховар» табдили ном кард. 30 апрели соли 2004 он мақоми мақомоти марказии давлатии иттилоотии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро касб карда, номи Агентии миллиии иттилоотии Тоҷикистон-АМИТ «Ховар»-ро гирифт.

АМИТ «Ховар» имрӯз ягона агентии иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки мақоми расмӣ дорад. Он дорои ҳуқуқи эксклюзивии ҷамъоварӣ ва паҳни иттилоот ва санадҳои расмӣ оид ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуқуқи шарҳи онҳо мебошад.

Агентӣ таъминкунандаи боэътимоди иттилооти саривақтӣ ва муътамад лид ба рӯйдодҳои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мебошад. Миёни истифодабарандагони иттилооти агентии «Ховар» на танҳо рӯзномаву маҷаллаҳо, телевизион ва радио мебошанд. Маводи паҳнкардаи агентӣ аз ҷониби истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, доираҳои тиҷоратӣ, вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида дар Тоҷикистон ва берун аз он фаъолона истифода мешаванд.

Иттилооти АМИТ «Ховар» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва ҳуруфоти форсӣ паҳн карда мешавад. Агентӣ бо агентиҳои иттилоотии пешрафта, хадамот ва марказҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ робитаҳои мутақобилан судманд дорад.

 

АКС: АМИТ «Ховар» /Тоҳир Саид

Февраль 14, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии «Тоҷи Сомон»-ро коргардони тоҷик Муҳиддин Музаффар соҳиб шуд
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Пагоҳ дар Душанбе намоиши сенздаҳуми байналмилалӣ оғоз мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Таҷлили Меҳргон далели эҳтиром ба фарҳанги қадима ва суннатҳои созандаи миллати тоҷик аст»
Имрӯз дар Фестивали «Оши палов» намудҳои гуногуни ин таоми миллӣ омода карда шуданд
СЕБҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ТАМЪИ ЛАЗИЗАШОН МАШҲУРАНД. Дар Душанбе Иди себ ва ангур таҷлил гардид
Дар Душанбе Иди Меҳргон ба таври тантанавӣ таҷлил гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли биринҷ ҷисми инсонро фарбеҳ менамояд
Имрӯз ҷашни Меҳргон бо баргузории Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ оғоз мегардад
Даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» баргузор мегардад
МЕҲРГОН ЯКЕ АЗ ИДҲОИ БОСТОНИИ МИЛЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон оид ба аҳамияти ин ҷашн
Сокинони ноҳияи Муъминобод соҳиби туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — «Шоҳнома» мегарданд
МЕҲРГОН ОМАД, МУБОРАК, МЕҲРГОН ОМАД! Пагоҳ дар Душанбе Иди Меҳргон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад