МОРО ДАР 50 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ПАЙВАСТА МЕХОНАНД. Соли 2021 аз сомонаи АМИТ «Ховар» қариб 4 миллион маротиба дидан кардаанд
ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 аз сомонаи АМИТ «Ховар» 3 миллиону 944 ҳазору 856 нафар дидан кардаанд. Чунин маълумотро ба мо хадамоти русии liveinternet.ru, ки ба ҷамъоварӣ ва таҳлили ченакҳои самароникии сомонаҳо машғул аст, пешниҳод намуд.
Аз шумораи умумии хонандагони доимии мо 17 712 нафарро мардон ва 9 268 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Моро дар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон мехонанд, ки дар 50 тои онҳо дар соли 2021 аз ҳама бештар ба сомонаи мо даромадаанд. Ба даҳгонаи аввал Тоҷикистон, Русия, ИМА, Беларус, Узбекистон, Норвегия, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия ва Ҳонконг дохил мешаванд.

Албатта, чунин теъдоде аз корбарони интернет ба барномаҳои Радиои «Ховар» низ дар басомади 101,5 FM дастрасӣ доранд, ки онро метавон дар сомонаи www.khovar.tj мустақиман гӯш кард.
Ёдовар мешавем, ки АМИТ «Ховар» мақомоти марказии иттилоотии Тоҷикистон ва яке аз агентиҳои маъруфи иттилоотӣ дар минтақа ва фазои пасошӯравӣ мебошад. Агентӣ соли 1925 ҳамчун агентии телеграфии ҷумҳуриявӣ (ТоҷикТА) дар низоми ТАСС дар Душанбе ба фаъолият щурӯъ кард. Баъди ба даст овардани истиқлолият аз 10 апрели соли 1992 ТоҷикТа ба Маркази иттилоотии Тоҷикистон (МИТ) «Ховар» табдили ном кард. 30 апрели соли 2004 он мақоми мақомоти марказии давлатии иттилоотии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро касб карда, номи Агентии миллиии иттилоотии Тоҷикистон-АМИТ «Ховар»-ро гирифт.
АМИТ «Ховар» имрӯз ягона агентии иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки мақоми расмӣ дорад. Он дорои ҳуқуқи эксклюзивии ҷамъоварӣ ва паҳни иттилоот ва санадҳои расмӣ оид ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуқуқи шарҳи онҳо мебошад.
Агентӣ таъминкунандаи боэътимоди иттилооти саривақтӣ ва муътамад лид ба рӯйдодҳои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мебошад. Миёни истифодабарандагони иттилооти агентии «Ховар» на танҳо рӯзномаву маҷаллаҳо, телевизион ва радио мебошанд. Маводи паҳнкардаи агентӣ аз ҷониби истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, доираҳои тиҷоратӣ, вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида дар Тоҷикистон ва берун аз он фаъолона истифода мешаванд.
Иттилооти АМИТ «Ховар» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва ҳуруфоти форсӣ паҳн карда мешавад. Агентӣ бо агентиҳои иттилоотии пешрафта, хадамот ва марказҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ робитаҳои мутақобилан судманд дорад.
АКС: АМИТ «Ховар» /Тоҳир Саид








Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш






