МТС барои тарбияи коршиносони ҳирфаӣ бо тамоми марказҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ ба роҳ мондааст

Февраль 11, 2022 08:50

ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи коршиносони ҳирфаӣ донишҷӯёни зинаи бакалавр ва магистратураи мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифтааст. Ин нуктаро 10 феврал директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС) Хайриддин Усмонзода зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи рӯзноманигорон баён намуд.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар марказ бештар аз 13 нафар магистрони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон салиқаи таҳлили масъалаҳои иҷтимоию сиёсиро бо сарпарастии кормандони марказ пайдо карда истодаанд ва итминон дорем, ки онҳо чун коршиносони варзидаи соҳа тарбия меёбанд. Дар сурати омӯзиши пурра ва такмили донишҳояшон минбаъд МТС  онҳоро барои фаъолият дар ин ниҳод ҷалб менамояд.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар самти таҳия ва омодасозии коршиносони ҳирфаии соҳавӣ бо тамоми марказҳои ҷумҳурӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

Иттилоъ дода шуд, ки марказ бо якчанд ниҳоди таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон ҳамкории самарабахш дорад.

Имсол маҷаллаи нави марказ бо номи «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» бо теъдоди 16 мақола ба нашр мерасад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2022 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд