Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден
ДУШАНБЕ, 19.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷозеф Байден ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷозеф Байден омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Лутфан табрикоти самимии маро ба муносибати санаи хотирмон дар таърихи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – 30-юмин солгарди барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ байни кишварҳоямон бипазиред.
Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро, ки дар қатори аввалинҳо истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлати моро эътироф намуда буд, имрӯз шарики муҳимми худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.
Мо аз раванди рушду таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории фарогири кишварҳоямон, ки соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла арсаҳои сиёсию иқтисодӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва амниятиро дар бар мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаи онҳоро нек арзёбӣ менамоем.
Омодаем, ки ҷиҳати густаришу тавсеаи бемайлони муносиботи гуногунҷанбаи ду кишвар ва бештар ғанӣ гардондани мазмуну муҳтавои онҳо бо ҷанбаҳои нави амалӣ минбаъд низ иқдомҳои муштаракро дар сатҳҳои мухталиф роҳандозӣ намоем.
Бо ибрози таманниёти беҳтарин, ба ҷаноби Президент сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор ва комёбиҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Амрико пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзумандам».
Дар барқияи табрикии Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷозеф Байден ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент,
Ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ман ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон таманниёти самимии худро ирсол менамоям.
Дар тӯли ин 30 сол мо барои ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳамкорӣ намудем.
Дар раванди идомаи ҳамкориҳо мо ҳадафҳои умумии амниятии худро, аз ҷумла дар самти шарикии муассир дар мубориза бо ҳамагирии COVID-19, инчунин дар соҳаҳои рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф, тағйирёбии иқлим ва энергетика, волоияти қонун, амният ва робитаҳои байни одамон пеш хоҳем бурд. Шарикии мо ба шукуфоии бештар, амният ва адолат барои ҷомеаҳои мо ва тамоми ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, чун ҳарвақта, ба мардуми Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишвари Шумо содиқ мемонад».








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






