Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо вазъи соҳаи иҷтимоии шаҳри Турсунзода шинос гардид

Февраль 25, 2022 09:20

ДУШАНБЕ, 25.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҳайати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ анҷом дода, бо вазъи соҳаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа шинос шуд. Раиси шаҳр Парвиз Акрамзода ба ҳайати корӣ вобаста ба фаъолияти соҳа маълумот пешкаш намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Зимни сафари корӣ фаъолияти якчанд муассисаҳои таҳсилотии шаҳр мавриди санҷиш қарор гирифт. Таваҷҷуҳи асосӣ ба шароити таҳсил, сатҳу сифати дониши хонандагон, малакаи омӯзгорон ва вазъи синфхонаҳои фаннӣ равона гардид.

Ба кормандони соҳа ҷиҳати иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргирифта аз Паёми навбатӣ дастур дода шуд, ки тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.

Бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён дар заминаи МТМУ №21 ва МТМУ №92, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳр ҷиҳати бунёди бинои нави таълимӣ корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд.

Бинои нави МТМУ№21 барои 800 ҷои нишаст аз ҷониби хоҷагии деҳқонии «Ватан» ва бинои нави МТМУ №92 бо дастгирии хоҷагии “Боғи Сомон», ки дорои 24 синфхона ва кабинетҳои фаннӣ мебошад, сохта, ба истифодаи насли наврас дода мешавад.

Дар Ҷамоати деҳоти Регар ҳайати корӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар кӯдакистони №2 шинос шуд. Аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат вобаста ба баланд бардоштани сатҳи тарбия, инчунин дар баробари мавҷудияти гурӯҳҳо бо забони давлатӣ ҷиҳати ташкили гурӯҳҳо бо забонҳои англисӣ ва русӣ дастур дода шуд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 30 фоиз бароварда шавад.

Зимни шиносоӣ бо вазъи омодасозии мутахассисони миёнаи касбӣ ба ҳайати корӣ маълумот дода шуд, ки дар Литсейи касбии металлургии шаҳр 497 нафар наврасон аз рӯи 10 ихтисос ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифта шудаанд.

Аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат вобаста ба татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии муассиса бо дастгоҳҳои нави замонавӣ дастур дода шуд.

Ҳайати корӣ аз маркази саломатии деҳавии деҳаи Батош, хона-интернати пиронсолони Батош ва беморхонаи №2 шаҳрӣ дидан намуд. Аз ҷониби ҳайати корӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, андешидани тадбирҳои амалӣ вобаста ба эмгузаронии сокинон бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа супоришҳо дода шуд.

Зимни шиносоӣ аз муассисаҳои фарҳангӣ аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат дастур дода шуд, ки фаъолияти клубҳои сайёр ҷоннок гардида, дар китобхонаҳо ҷиҳати зиёд намудани теъдоди адабиёти муосир, адабиёти бачагона, ғанӣ гардонидани китобхонаҳои электронӣ ва ҷалби сокинон ба мутолиаи китоб, хусусан насли наврас тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар вохӯрӣ ба масъалаҳое, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардиданд, таваҷҷуҳи асосӣ равона шуда, фаъолияти соҳа мавриди таҳлил қарор гирифт. Дар ин замина ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуданд.

 

АКСҲО: МИҲД-и ш. Турсунзода

Февраль 25, 2022 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд ‎
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид