Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 100,7% таъмин гардид

Февраль 2, 2022 12:25

ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 100,7% таъмин гардида, ба ҷойи 13 млрд. 621,2 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ 13 млрд. 722 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 101 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои сифати қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, дар ин давра фақат нақшаи андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард таъмин нагардид, баён дошт Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти  Кумита дар  соли 2021.

Соли 2021 тибқи нақшаи тасдиқшуда ва дархостҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар фаъолияти зиёда аз 1400 шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуда, ба маблағи зиёда аз 1 млрд. сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби маблағҳои солҳои қаблӣ ошкоршуда, дар маҷмӯъ ба буҷет 850 миллион сомонӣ ворид карда шуд.

Бо мақсади ба танзим даровардани корҳои назоратӣ, банақшагирӣ ва гузаронидани санҷишҳо дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор асосан тибқи системаи баҳисобгирии хавфҳо ба роҳ монда шуда, тартиби мазкур имконият фароҳам овардааст, ки маъмурикунонии андоз ва сифати гузаронидани корҳои назоратӣ, махсусан санҷишҳои андозӣ ва назоратҳои камералӣ беҳтар карда шавад.

Мутаассифона, новобаста аз фароҳам овардани шароити мусоид барои бақайдгирии субъектҳои хоҷагидор, рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ, ташкили рақамикунонӣ ва амалӣ намудани доду гирифти маълумот миёни вазорату идораҳо дар шакли электронӣ ҳоло ҳам аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ба қонунвайронкуниҳо роҳ дода мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 2, 2022 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад