Намояндагони Тоҷикистон дар Конференсияи мубоҳисавии Клуби байналмилалии «Валдай» дар мавзӯи амният ширкат мекунанд

Февраль 7, 2022 12:52

ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал маҳфили мубоҳисавии клуби байналмилалии «Валдай» бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Русия конференсияро дар мавзӯи «Амнияти дастҷамъӣ дар давраи нав: таҷриба ва дурнамои СААД» баргузор мекунад. Чорабинӣ дар шакли кушода  барои ВАО дар  клуби «Валдай», воқеъ дар шаҳри Москва, кӯчаи «Светной булвар», 16/1 баргузор мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар сомонаи клуб ru.valdaiclub.com иттилоъ дода шудааст.

Аввали моҳи январи соли равон СААД нахустин амалиёти посдори сулҳро дар таърихи мавҷудияташ ба унвони посух ба талош барои ноором кардани вазъ дар Қазоқистон анҷом дод. Аз сохторе, ки фаъолияташ дар сӣ сол қариб нонамоён  буд, СААД ба механизми таъсиррасон  ва муассири таъмини амният табдил ёфт. Ба гуфтаи Президенти Русия Владимир Путин, “механизми СААД фаъол гардид”. Дар нишасти онлайнии СААД, ки 10 январ дар пасманзари ҳаводиси Қазоқистон баргузор шуд, раҳбарони кишварҳои узви ин созмон — Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон аҳамияти СААД-ро дар шароити кунунӣ эътироф намуда, доир ба роҳҳои мустаҳкам намудани ташкилот  пешниҳодоти судманд ироа намуданд.

Имрӯз, тақрибан як моҳ пас аз амалиёт дар Қазоқистон, дар назди кишварҳои СААД вазифаи  дарки ҳодисаи рухдода ва таҳияи дақиқи он чиз меистад, ки  минбаъд созмон  ба кадом самт бояд рушд кунад.

Ҳамин тариқ, конференсияи дарпешистодаи маҳфили «Валдай» воқеан идомаи суҳбате хоҳад шуд, ки сарони давлатҳои аъзои ин созмон моҳи январ оғоз карда буданд. Дар чорабинӣ дабири кулли СААД Станислав Зас, сардори ситоди муштараки СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров ва директори барномаҳои мубоҳисавии байналмилалии клуби «Валдай» Тимофей Бордачев иштирок мекунанд. Миёни иштирокдорон намояндагони Тоҷикистон: муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ, Дабири кулли СҲШ дар солҳои 2016-2018 Рашид Олимов ва директори Маркази тоҷикистонӣ оид ба омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Чин Худобердӣ Холиқназар  низ хоҳанд буд.

ДАР АКС: Рашид Олимов дар ҷаласаи клуби байналмилалии «Валдай» дар Самарқанд моҳи ноябри соли 2019. АКС: Sputnik / Юрий Корсунтсев

Февраль 7, 2022 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид