ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст

Февраль 7, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок шуда, туман мефарояд. Инчунин дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 25-30 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 14-19 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон борида, шабона ва саҳаргоҳон бо гузариш ба барфи тар ба амал меояд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона -4+1 дараҷа мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 дараҷа, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон борида, шабона ва саҳаргоҳон ба барфи тар мегузарад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 9-14 дараҷа хунук, рӯзона -2+3 дараҷа, дар баъзе ноҳияҳо то 3-8 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, шабона ва саҳаргоҳон борон ба барфи тар мегузарад, рӯзона ҳавои асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм, рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Февраль 7, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд