ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст

Февраль 14, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, борон ва дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо барф меборад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 23-28 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 32-37 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 15-20 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда, дар водиҳо баъзан бориш (борон, барфи тар) ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 дараҷа, рӯзона 1+6 дараҷа  гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13 дараҷа хунук, рӯзона -3+2 дараҷа мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борону барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2 дараҷа, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 дараҷа, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 10-15 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борон, дар баъзе ҳолатҳо бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 гарм, рӯзона 4+6 гарм мешавад.

12-15 феврал дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе–Лахш, Душанбе–Рашт, Душанбе–Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб, Хоруғ-Ҷелондӣ зуҳуроти яхбандӣ ва фаромадани тарма боқӣ мемонад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд