Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Тоҷир пласт»-ро ифтитоҳ намуданд

Февраль 8, 2022 09:52

ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷир пласт”-ро ифтитоҳ карданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар доираи Солҳои рушди саноат дар маркази шаҳраки Ғафуров аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷамшед Мирхолиқов бунёд гардидааст.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷир пласт”, ки дар раванди татбиқи амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст, 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Бо дарназардошти талаботи аҳолӣ  ва ширкату корхонаҳо дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷир пласт” истеҳсоли зарфҳои полиэтиленӣ аз 100 литр то 5 тонна ба роҳ монда шудааст. Ба таъкиди мутахассисон, ин зарфҳои полиэтиленӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, рақобатпазирии он кафолат дода мешавад.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи саноатӣ дар як моҳ ба 400 адад зарфи гуногунҳаҷми босифат баробар аст. Дар корхона беш аз 30 намуд зарфи полиэтилении ҳаҷму андозаҳои гуногун истеҳсол шуда, дар як моҳ аз 8 то 10 тонна ашёи хом коркард карда мешавад.

Хатҳои муосири технологии корхона, ки қисме аз он тавассути гази моеъ фаъолият мекунанд, аз Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дастрас ва васлу насб гардидаанд. Ашёи хом асосан аз Ҷумҳурии Узбекистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба корхона дастрас мегардад.

Зарфҳои полиэтиленӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор мераванд ва солҳои охир талабот ба онҳо бештар гардидааст.

Аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкор баҳои баланд дода, таъсиси корхонаи саноатиро дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот пешбинишуда намуна арзёбӣ карданд.

Ифтитоҳи корхонаи ҶДММ “Тоҷир пласт” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 08.02.2022

Февраль 8, 2022 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик варзишгоҳи марказиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик якчанд иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва обтаъминкуниро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
14-16 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest-2025» баргузор мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз боғи хоҷагии деҳқонии Солеҳҷон боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз хоҷагии деҳқонии Чаноро дидан намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави Маркази саломатии деҳаи Сафедхокро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави Маркази ташхису табобатро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бо лоиҳаи банақшагирии ҷамоати шаҳраки Вашгирд шинос шуданд