Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъули Вазорати корҳои дохилӣ таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд

Февраль 24, 2022 17:31

ДУШАНБЕ, 24.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъули Вазорати корҳои дохилӣ таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Темурмалик ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва сохторҳои марказии Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъйин гардиданд.

Зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки кадрҳои ҷавону болаёқат вобаста ба таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд.

«Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед» — иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми мулоқот.

Февраль 24, 2022 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд