Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд

Февраль 5, 2022 15:00

ДУШАНБЕ, 05.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳошияи маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот карданд.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Роҳбари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва даъват ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ изҳори сипос карданд.

Сарвари давлат Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ифтихори баргузории чорабинии бошукуҳи варзишӣ, ҳамчунин фарорасии иди Баҳор ва Соли нави анъанавии мардуми Чин шодбош гуфтанд.

Бо ёдоварӣ аз таърихи 30-солаи муносибатҳои дипломатии кишварҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои ҳасанаи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва боварию эътимоди мутақобилаи шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус саноат муҳокима гардид.

Барои воридоти технологияи нав ва дар ҳудуди Тоҷикистон таъсис додани заминаҳои истеҳсоли “технологияи сабз”, бахусус мошинҳои электрикӣ, панелҳои офтобӣ, сохтмон ва бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз кардани иншоотҳои энергетикии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, пеш аз ҳама маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Чин, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки мулоқоти гуруҳи кории Тоҷикистону Чин оид ба ҷалби сармоя, робитаҳо дар чаҳорчуби Иқдоми “Як камарбанд — як роҳ” ва таҳияи лоиҳаҳои нави саноатӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва кишоварзӣ метавонанд аз омилҳои муҳими пешбарандаи муносибатҳои судманди ду кишвар бошанд.

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ аз самтҳои дигару муҳими муносибатҳои шарикии ду кишвар маънидод гардид.

Ба ҷониби Чин барои расонидани кумаки моддӣ дар шакли вояҳои зидди короновирус дар давраи пандемия изҳори сипос карда шуд.

Зимни баррасии мавзуи амниятӣ ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвари ҳамсояи Афғонистон, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Ҷонибҳо ба ҳамгироӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалию митақавӣ аҳамияти махсус доданд.

Дар охири мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Февраль 5, 2022 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Сарвазири Гурҷистон Кобахидзе Ираклий
Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Гурҷистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Ираклий Кобахидзе оид ба рушду таҳкими ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд