Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбат ба сарҳадбонони Қирғизистон парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст
ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Тоҷикистон баъди даргирии мусаллаҳона дар сарҳад, ки 27 январ рух дод, нисбат ба сарҳадбонони Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон хабар дод.
«Дар робита ба ҳодисаҳои охири сарҳадӣ Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Ба сарҳадбонон ва чанд шаҳрванди дигари Қирғизистон барои содир намудани ҷиноятҳои муайян айб эълон шуда, тафтиш ҷараён дорад», — гуфт прокурори генералӣ. Ба гуфтаи ӯ, дар пайи муноқишаи марзӣ, ки моҳи апрели соли 2021 рух дода буд, низ парванда боз шуда, бархе афрод муайян ва боздошт шуданд ва баъзеи дигар дар ҷустуҷӯ қарор доранд. «Агар боздошт шаванд, мо онҳоро ҳатман ба ҷавобгарӣ мекашем», — таъкид намуд Юсуф Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар қитъаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон миёни марзбонони ду кишвар муноқиша рух дода буд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 27 январи соли 2022, тахминан соати 18:40 дар чорроҳаи Зарафшонӣ ва маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара миёни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад, ки дар натиҷа аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар, аз ҷумла 6 низомӣ ва 4 ғайринизомӣ ҷароҳат бардоштанд. Ба ҷуз ин, ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке Тӯйчиев Обидҷон, соли таваллудаш 1986, сокини Ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло, ки бар асари таркиши миномёт аз ҷониби низомиёни қирғиз дар ҳавлиаш кушта шуд ва нафари дигар- Шарипов Абдулатиф Рабиевич, соли таваллудаш 1964, ронандаи шуъбаи кумаки аввалини тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷот додани мардуми осоиштаи деҳаи Хоҷаи Аъло аз таркиши миномётҳои ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд.
27 январ раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Қирғизистон Қамчибек Ташиев дар минтақаи марзии ду кишвар, ки муноқиша ба вуҷуд омадааст, дидору гуфтугӯ анҷом доданд. Пас аз як рӯз дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара ҷаласаи гурӯҳи кории мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.
Дар айни замон вазъият дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон муътадил буда, аз ҷониби комиссияи муштараки сохторҳои дахлдори ҳарду ҷониб сабаб ва омилҳои муноқишаи марзӣ омӯхта шуда истодаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






