Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ дар шаҳри Гулистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Февраль 9, 2022 10:21

ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии  Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистонро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонии бино аз моҳи марти соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати 10 моҳ пурра ба анҷом расонида шуданд. Бинои мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 13 синфхона, маҷлисгоҳ барои 60 нафар ва толори хониш барои 20 нафар мебошад. Муассиса дорои маркази гармидиҳист.

Дар таҳхонаи бино барои 30 нафар занон ва духтарони имконияташон маҳудуд коргоҳи дӯзандагӣ ташкил карда шудааст.

Муассиса барои қабули 500 нафар хонанда дар ду баст омодааст. “Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон” дорои 24 воҳиди корӣ буда, омӯзгорону мутахассисон бо ҷои кори доимӣ таъмин шуда, барояшон шароити хуби кор фароҳам оварда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити забономӯзӣ ва синфхонаҳои касбу ҳунаромӯзии Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Ба истифодадиҳии бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ дар шаҳри Гулистон 09.02.2022

Февраль 9, 2022 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд