Соли 2021 аз ҷониби Русия нисбат ба 120 590 нафар шаҳрванди Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ қонуни афв татбиқ гардид

Февраль 9, 2022 10:17

ДУШАНБЕ, 09.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 аз ҷониби Федератсияи Русия нисбат ба 120 590 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ қонуни афв татбиқ гардид. Инчунин бо баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони мо будубоши худро дар Федератсияи Русия расмӣ намуданд.

Дар ин бора Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2021 хабар дод.

«Соли 2021 ҳамкорӣ бо давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ тақвият ёфт. Аз ҷумла, дар доираи ҷаласаи 17-уми Комиссия оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҷаласаи 25-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои узви ИДМ, Форуми VII-уми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия ва ҷаласаи 16-уми Комиссия оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон масоили муҳоҷирони меҳнатӣ  баррасӣ гардида, дар ин самт протоколҳои дахлдор қабул гардиданд»,-афзуд Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли  сипаришуда   373773 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуданд, ки 352385 нафари онҳо ба Федератсияи Русия ва 9089 нафар  ба Ҷумҳурии Қазоқистон марбут аст. Инчунин 150 000 нафар аз муҳоҷират ба Ватан баргаштаанд.

Дар ин давра бо мақсади шарҳи  қонунгузории кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони менҳатӣ, гирифтани сертификат дар бораи донистани забон, таърих ва асосои давлатҳои  қабулкунанда, тартиби аз муоинаи тиббӣ  гузаштан, гирифтани патент, эҳтиёт аз бемориҳои эҳтимолии сироятӣ, пешгирии  ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба  ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ  ва ҳифзи меҳнату риояи техникаи бехатарӣ аз  ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои кишвар инчунин Марказҳои машваратӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ ва аъзои ситоди махсус дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар  ва дигар мақомоти дахлдор бо аҳолӣ 2920 вохӯрӣ бо ҷалби 248 529 нафар доир карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2022 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд