Соли 2022 диққати асосӣ ба омодасозии мутахассисони бемориҳои сироятӣ-вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ равона мешавад
ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 доир ба ду масъалаи муҳимтарини соҳаи тандурустӣ – тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ меандешад, зеро ин супоришҳо баргирифта аз Паёми навбатии Президенти Тоҷикистонанд.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2021 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иттилоъ дод.
Тибқи маълумоти омори пешакӣ, теъдоди умумии табибон дар Тоҷикистон 20797 ва кормандони миёнаи тиббӣ 60329 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2020 мутаносибан 576 ва 1715 нафар зиёд мебошад.
Соли 2021 29 нафар мутахассисон курсҳои бозомӯзиро оид ба вирусология, осебшиносӣ ва раддодӣ, гематология, ҷарроҳӣ, бемориҳои занона, анестезиология – реаниматология, бемориҳои гўш, гулӯ ва бинӣ, урология, ташхиси функсионалӣ ва эндокринология дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ва 10 нафар оид ба вирусология дар Ҷумҳурии Қазоқистон гузаштанд
Ҳамчунин зикр шуд, ки дар маҷмӯъ соли 2021 115 нафар мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар хориҷи кишвар давраҳои такмили ихтисос ва курси бозомӯзиро гузаштанд, ки нисбат ба соли 2020 107 нафар зиёд мебошад.
Ба гуфти Ҷамолиддин Абдуллозода, дар соҳаи фарматсия ва таъминоти муассисаҳои тандурустӣ бо доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар соли сипаришуда 255 иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти фарматсевтӣ, оид ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ дода шудааст, ки нисбат ба соли 2020 68 адад зиёд аст.
Дар ҷараёни нишаст зикр шуд, ки соли 2021 муассисаҳои илмии зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмӣ — тадқиқотиро аз рўи 33 лоиҳаҳои илмии аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда давом дода, ҳамзамон 16 лоиҳаҳои илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда барои солҳои 2022 – 2026-ро таҳия ва ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод карданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






