Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Истанбул риштаи пахтагини худро манзур менамояд

Февраль 24, 2022 09:40

ДУШАНБЕ, 24.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 ширкати ресандагӣ аз Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул, ки 24-26 феврал дар Истанбул доир мегардад, иштирок менамоянд. Дар Маркази тиҷорати байналмилалӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Тоҷикистон маротибаи даҳум аст, ки риштаи пахтагини худро дар Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул ба доираи васеи харидорони байналмилалӣ намоиш медиҳад.

Маҳсулоти чор корхонаи ресандагӣ гӯшаи Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ оро медиҳанд, ки инҳо «Ваҳдат Текстил» (Ёвон ва Душанбе), «Ресандаи Хатлон» (Кӯшониён), «Стандарт Текстил» (Спитамен) ва «ХИМА Текстил» (Ёвон) мебошанд. Инчунин чор корхонаи дигар- «Ноҳид» (Истаравшан), «Органик Ярн» (Ҷаббор Расулов), «Раҳимов А.А.» (Хуҷанд) ва «ТоҷТекс» (Душанбе) дар ҳайати Тоҷикистон ба намоишгоҳ барои боздид, омӯзиши равандҳои нав, харидории маводи хоми зарурӣ, ба монанди риштаи омехта, лавозимот ва барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ мераванд.

Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар минтақа мебошад. Имсол намоишгоҳ мизбони беш аз 300 иштироккунанда ва зиёда аз 10 000 боздидкунанда аз 80 кишвари ҷаҳон буда, пешсафони соҳаро, ки бозори байналмилалии риштаро муайян мекунанд, гирди ҳам меорад. Дар намоишгоҳи риштаи Истанбул, ки ҳамчун «қалби саноати ришта дар АвруОсиё» шуҳрат ёфтааст, садҳо навъи риштаву ресмонҳои табииву сунъӣ, ба монанди риштаи пахтагин, пашмин, абрешимӣ, эластан, акрил, вискоза ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ, махсусан ба харидорони эҳтимолӣ аз Туркия, ки яке аз бозорҳои асосии содиротӣ барои риштаи Тоҷикистон мебошад ва кишварҳои дигар намоиш диҳанд.

Намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Бӯйдоқов, ки ҳайатро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад, мегӯяд, ки “Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул ба ширкатҳои ресандагии Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридотӣ ва тоҷирон робита барқарор кунанд, бо талаботу интизориҳои бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, барои худ маҳсулоти нав ва навовариҳо кашф кунанд”.

Аъзои ҳайати Тоҷикистон мутмаинанд, ки иштирок дар ин намоишгоҳ барояшон имконияти нав пайдо мекунад. Мудири кулли ширкати «Ваҳдат Текстил» Илҳом Мирзоев мегӯяд, ки “маротибаи ҳафтум аст, ки дар ин намоишгоҳ иштирок мекунем. Иштирокҳои қаблӣ дар ин намоишгоҳ ба мо имкон дод, то бо ширкатҳои хориҷӣ қарордодҳои тиҷоратӣ бандем. Саъй менамоем, ки тавассути иштирок дар намоишгоҳҳои нассоҷиву дӯзандагӣ тамосҳои тиҷоратӣ ва ҳузури худамонро дар бозорҳои минтақавӣ таҳким бахшем”.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 24, 2022 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд