«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Дар Осорхонаи миллӣ таҳти чунин унвон намоиш ифтитоҳ ёфт

Февраль 25, 2022 14:37

ДУШАНБЕ, 25.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллӣ ҷиҳати амалинамоии дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев хабар дод.

Дар ифтитоҳи намоиш мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, Вазири фарҳангЗулфия Давлатзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода иброз дошт, ки намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар даврони соҳибистиқлолӣ бузургтарин намоиши мамлакат дар Аврупо буда, дар муддати се моҳ мардуми Фаронса ва шаҳрвандони дигар кишварҳои ин қитъа тавонистанд бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик шинос шаванд.

Дар намоиш беш аз 300 адад ашёи таърихии марбут ба миллати тоҷик аз Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ва Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ба тамошо гузошта шудаанд, ки фарогирандаи таърихи куҳани миллати тоҷик мебошанд.


Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллӣ омода ва ифтитоҳ карда шавад.

Дар намоиш ашёи таърихӣ аз ёдгориҳои ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуданд. Намоишгоҳ имкон медиҳад, то шаҳрвандону меҳмонони кишвар низ аз он дидан намуда, бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик аз наздик шинос шаванд.

Намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллӣ то охири моҳи апрел идома ёфта, сокинонону меҳмонон имкон доранд аз ин намоиши нодири мероси ниёгони миллати тоҷик дидан намоянд.

 

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 25, 2022 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад