Тоҷикистон ва Қазоқистон рушду тавсеаи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои обу энергетика баррасӣ намуданд

Февраль 24, 2022 13:18

ДУШАНБЕ, 24.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Болат Акчулаков баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои обу энергетика, татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва дигар мавзӯъҳои рӯзмарра баррасӣ гардиданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 5 октябри соли 2021 дар Нур-Султон вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода ва муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш бо муовини Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асет Магаумов баргузор гардид буд.

Дар мулоқот инчунин намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои қазоқистонии «КазМунайГаз» ва «Тенгизшевройл» иштирок доштанд.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба, таҳвил додани маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Тоҷикистон, имзои шартномаҳо миёни воридоткунандагони тоҷикистонӣ ва корхонаҳои истеҳсолии қазоқистонӣ дар самтҳои мазкур, инчунин имконияти татбиқи меъёри сифрии хироҷҳои гумрукиро зимни анҷоми амалиёти дахлдори тиҷоратӣ баррасӣ намуданд.

 

АКС: ВКХ Тоҷикистон

Февраль 24, 2022 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд