Умед Бобозода ва Мулугета Зевди ҳамкории судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо гурезаҳо Мулугета Зевди мулоқот намуд, хабар доданд дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба мухбири АМИТ «Ховар».
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкории бисёрҷабҳа миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо гурезаҳо дар самти амалинамоии ташаббусҳои ҷорӣ, ҳамчунин амалӣ намудани нақшаҳои мавҷудаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо гурезаҳо суҳбат намуданд.
У. Бобозода изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла таъмини риоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи гурезаҳо, шахсони паноҳҷӯянда ва шахсони бешаҳрвандӣ пайваста талош меварзад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷистон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз аввалин кишварҳо дар Осиёси Марказӣ ба Конвенсияи СММ оид ба мақоми гурезаҳо аз соли 1951 ва дигар созишномаҳои марбут ба самти мазкур ҳамроҳ шудааст.
Мулугета Зевди иқдоми мазкурро назаррас арзёбӣ карда, изҳор намуд, ки ин талошҳо барои пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиманд.
Дар хатми мулоқот Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо гурезаҳо аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкории мутақобилан судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, махсусан гурезаҳо, шахсони паноҳҷӯянда ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва тақвият додани ҳамкории тарафайн изҳори миннатдорӣ намуд.
АКС: Хадамоти матбуоти ВҲИ








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






