Вакили Маҷлиси намояндагон бо хонандагони Гимназияи №1-и шаҳри Душанбе дарс – вохӯрӣ гузаронид

Февраль 25, 2022 10:44

ДУШАНБЕ, 25.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал баҳри беҳтар намудани фаъолияти таълимӣ дар Гимназияи №1, ҳамоҳангсозии фаъолият ҷиҳати тарбияи насли наврас ва бедор намудани шавқи онҳо ба самтҳои афзалиятноки илм ва интихоби дурусти касб дарс – вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Меликова бо хонандагони муассиса баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ Парвина Меликова бо хонандагон суҳбати озод намуда, гуфт, ки рӯй овардани насли наврас ба илм, илмомӯзӣ ва бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ қадами устуворест барои рушди ояндаи кишвар. Ин иқдом имконият медиҳад, ки мутахассисони ҷавони болаёқат дар арсаи ҷаҳонӣ иқтидори рақобатпазирӣ пайдо намоянд. Аз ин рӯ хонандагонро зарур аст, ки ба илмомӯзӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, ба пешбарии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзишу аз худ кардани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ ва навовариву ихтироъкорӣ такя намуда, дар оянда мутахассиси соҳибкасб гарданд. Дар шароити имрӯза, ки талабот ба кадрҳои соҳибкасб дар бозори меҳнат зиёд мешавад, хонандагонро зарур аст, ки илмҳои замонавиро аз худ намуда, ба стандартҳои байналмилалӣ баробар гарданд.

Дар идома миёни Парвина Меликова ва хонандагон суҳбати самимӣ доир гардид, ки зимни он хонандагон озодона саволҳои худро пешниҳод намуданд.

Хонандагони муассиса ба масъалаҳои интихоби бошууронаи касб, роҳҳои муваффақ гардидану соҳибихтисос гаштан ва усулҳои аз худ намудани илмҳои муосиру забонҳои хориҷӣ мароқ зоҳир намуданд.

Дар муассисаи мазкур бо мақсади омодагии хонандагон ба фаъолияти мустақилона ва дуруст интихоб намудани касб Маркази рушди касбият таъсис дода шудааст, ки вазифаҳои асосии он маълумоти мушаххас додан оид ба касбу кори гуногун, мусоидат дар интихоби дурусти касб, ташкили семинарҳои омӯзишӣ бо шахсиятҳои муваффақ дар ҷодаи фаъолият ва машварати касбӣ мебошад.

 

АКС: Сарраёсати маорифи ш. Душанбе

Февраль 25, 2022 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад