Як сабаби шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ тадриси ғайриқонунии динӣ дар муассисаҳои таълимии хориҷа аст,- бардошт аз нишасти матбуотии ВКД

Февраль 2, 2022 14:27

ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаҳонро хатари терроризму экстремизм фаро гирифтаву  ҷумҳурии мо низ аз ин радиф истисно нест, аз ин рӯ соли 2021 аз тарафи мақомот  579 нафар аъзои ташкилоти  террористӣ- экстремистӣ  барои содир намудани  766 ҷиноят ба қайд гирифта шуданд,-гуфт Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полконики милитсия Рамазон Раҳимзода имрӯз зимни  нишасти матбуотии ин ниҳод.

Ба зикри мавсуф, «яке аз сабабҳои зиёд шомил шудани одамон ба   гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ-  ин тадриси ғайриқонунии динӣ дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар мебошад. Ташвишовар он аст, ки ҳоло ҳам дар дохили ҷумҳурӣ гирифторони таълимоти ғайриқонунии динӣ ҷой доранд. Дар ин давра 80 ҳолат муайян карда шуда, нисбат ба таълимдиҳандагон ва падару модарони  ноболиғон тадбирҳои қонунӣ андешида шуданд».

Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки «аз шумораи 579 нафар аъзои ташкилоти  террористӣ-экстремистии соли гузашта дастгиршуда 339  нафар барои содир намудани  311 ҷиноят дастгир  ва  ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Инчунин 15 ҳолати маблағгузории терроризм, 4 суиқасд ба амали терорристӣ ва 2 амали террористӣ ба қайд гирифта шуда, содиркунандагони  онҳо дастгир гардиданд».

Ба иттилои Вазири корҳои дохилӣ, «дар ин давра 50 нафар аъзои ташкилоти террористӣ- экстремистӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд, бо амалӣ намудани  чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷӣ дастгир ва ба Ватан баргардонида шуданд. Ҳамчунин 75 нафар аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ва иштирокчиёни муҳорибаҳои ҷангӣ дар дигар давлатҳои ҷангзада бо роҳҳои таъсиррасонӣ ихтиёран аз хориҷи мамлакат баргардонида шуда, аз  ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд».

АКС: АМИТ “Ховар”

Февраль 2, 2022 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд