Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд, ки 24-26 март дар Узбекистон доир гардид, иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.
Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд платформаи нав барои тақвияти ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб шуда, дар он иқтидори сармоягузории Узбекистон ба доираҳои сармоягузор ва соҳибкорон муаррифӣ гардид. Дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд роҳбарону намояндагони институтҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ, вазоратҳои сармоягузории кишварҳои хориҷӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, дар маҷмӯъ беш аз 1500 нафар иштирок намуданд.
Иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд масъалаҳои сармоягузорӣ, густариши ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон, ҳамкории логистикӣ ва интиқоли молу маҳсулот миёни кишварҳо, коркарди хатсайрҳои нави боркашонӣ, содагардонии транзити молҳои содиротшаванда ва дигар масъалаҳоро муҳокима намуданд.
Тоҷикистонро дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва гурӯҳи соҳибкорон намояндагӣ намуданд.


Дар Форум роҳбарону намояндагони беш аз 30 ширкат ва соҳибкорони тоҷик фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ бо доираҳои тиҷоратии Узбекистон ва дигар давлатҳои иштирокчӣ гуфтушунид гузарониданд.
Ҳайати кишварамонро дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамроҳӣ намуд.
АКСҲО: Сафорати ҶТ дар ҶУ








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид






