Ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ дар Тошканд баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ) тирамоҳи соли равон дар Тошканд баргузор мешавад. Дар ин бора Раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Норбоева 29 март дар ҷаласаи бошукӯҳи АБ ИДМ бахшида ба 30-солагии таъсиси АБ, ки дар Алмаато гузашт, ибрози назар намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии АБ ИДМ дар шаҳри Алмаато ширкат варзиданд. Ҷаласа таҳти раёсати раиси АБ ИДМ, раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид.
Раиси палатаи болоии Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа суханронӣ намуда, паёми шодбошии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокчиёни ҷаласаи тантанавии АБ ИДМ расониданд.
Рустами Эмомалӣ иброз намуданд, ки «Тоҷикистон ба фаъолияти АБ ИДМ аҳамияти хосса медиҳад ва палатаҳои Маҷлиси Олӣ бо сохторҳои Ассамблея ҳамкории густурда ба роҳ мондаанд. Дар ин давра мо сиғаи Ассамблеяро барои таҳкими равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии байни кишварҳо, нигоҳдорӣ ва амиқтар кардани робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои узви ИДМ фаъолона истифода намудем».
Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар нишаст гуфтанд, ки тайи 30 сол АБ ИДМ аҳамият ва афзалияти худро ҳамчун шакли универсалии ҳамкории байнипарлумонӣ собит карда, имрӯз ҳамчун сохтори муассири байнипарлумонӣ эътироф шудааст.
«Тоҷикистон ба фаъолияти АБ ИДМ аҳамияти хосса дода, палатаҳои Маҷлиси Олӣ бо сохторҳои Ассамблея ҳамкории васеъ ба роҳ мондаанд. Дар ин давра мо аз сиғаи Ассамблея барои таҳкими равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии байни кишварҳо, нигоҳдорӣ ва амиқтар кардани робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои узви ИДМ фаъолона истифода кардем», — гуфтанд мавсуф.
Ёдовар мешавем, ки Созишнома дар бораи таъсиси Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ 27 марти соли 1992 аз ҷониби раисони парлумонҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Арманистон имзо шуда буд. Баъдан Молдова ва Озарбойҷон ба ин созишнома ҳамроҳ шуданд.
АКС: Тоҳири Саид/АМИТ «Ховар»








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






