Ҳамкории гумрукии Тоҷикистон ва Узбекистон густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои гумрукии Тоҷикистон ва Узбекистон 12 март зимни мулоқоти муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат Иззатулло Ҳурматзода бо муовини Сардори Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон Уткирҷон Қодиров ва намояндагони Маркази миллии кинологии Кумитаи давлатии гумруки кишвари ҳамсоя баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши муносибат миёни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар изҳори назар намуда, омодагии хешро вобаста ба тақвияти робитаҳо дар низоми гумрукӣ ва мусоидат намудан дар ҳамлу нақли молу маҳсулот, инчунин боз ҳам такмил додани ҳамкорӣ дар доираи санадаҳои ба имзо расонидашудаи мақомоти гумруки ду давлат оид ба пешбурди фаъолияти гумрукӣ баён доштанд.
Иззатулло Ҳурматзода зимни мулоқот тазаккур дод, ки ҳамкории мутақобилан судманди гумрукӣ миёни ду кишвари шарики стратегӣ сол аз сол рушд меёбад.
«Бо дарназардошти ҳолати кунунии минтақа, барои пешгирии омилҳои ғайриқонунии гардиши маводи мухаддир, пеш аз ҳама баланд бардоштани неруи инсонӣ зарурати таъмин намудани кормандони масъул бо лавозимоти муосири корӣ, аз ҷумла мукаммалгардонидани бахши кинологӣ ба миён омадааст, — гуфт ӯ ва иброз дошт, ки дар робита ба ин, мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайёр ва бозомӯзии кадрҳо дар самти кинология таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, омӯзишӣ мутахассисони соҳаи кинологияро дар дохил ва берун аз он роҳандозӣ кардааст».
Уткирҷон Қодиров ба ҳамкории муштарак миёни ду мақомот баҳои баланд дода, бо итминон таъкид дошт, ки дар оянда низ мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар сарҳадоти миёни ду кишвар пурзӯр карда хоҳад шуд.
Номбурда омодагии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Узбекистонро барои фаро гирифтани кинологони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмил додани донишу малакаи касбӣ дар Маркази миллии кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон изҳор намуд.
Ҳамчунин дар фарҷоми мулоқот ба кормандони масъули Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази миллии кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон 10 саги кинологӣ супорида шуд.


Мавриди зикр аст, ки соли 2021 беш аз 15 нафар кинологон аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон донишу малакаи касбии хешро мукаммал гардониданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба қарори дахлдори Cитоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, шурӯъ аз имрӯз, 15 март, фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон ба реҷаи оддӣ гузаронида шуда, назорати бемориҳои сироятӣ танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома оид ба ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ нисбат ба сирояти коронавирус дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Қарори мазкур бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмин намудани фаъолияти пурраи самтҳои хоҷагидорӣ дар мамлакат, ғанигардонии иқтисодиёти кишвар ва боз ҳам мустаҳкамтар намудани робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо давлатҳои ҳамсоя қабул карда шуд.
Тибқи қарор, гувоҳнома оид ба ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии ҷониби Узбекистон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳрвандон баъди гузаштан аз ваксинатсия пешниҳод карда мешавад, расман эътироф мегардад.
«Ҳангоми ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати пешниҳоди маълумотнома бо натиҷаи «манфӣ»-и озмоиши вирусологии кишвари хориҷшуда нисбат ба COVID-19, ки ба муҳлати то 72 соат эътибор дорад, аз гузаштани озмоиши такрорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд», — омадааст дар қарор.
Реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар байни аҳолӣ бекор карда мешавад.
Ҳамчунин дар асоси қарори мазкур баргузор намудани тўйи домодию арусӣ ва дигар ҷашну маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда мешавад.
АКСҲО: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ








Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд






