СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: Аз 15 март фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Узбекистон ба реҷаи оддӣ гузаронида мешавад

Март 7, 2022 19:07

ДУШАНБЕ, 07.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 марти соли 2022  фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон ба реҷаи оддӣ гузаронида шуда, назорати бемориҳои сироятӣ танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома оид ба ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ нисбат ба сирояти коронавирус дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора имрӯз қарори дахлдори Cитоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Қарори мазкур бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмин намудани фаъолияти пурраи самтҳои хоҷагидорӣ дар мамлакат, ғанигардонии иқтисодиёти кишвар ва боз ҳам мустаҳкамтар намудани робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо давлатҳои ҳамсоя қабул карда шуд.

Тибқи қарор, гувоҳнома оид ба ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии ҷониби Узбекистон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳрвандон баъди гузаштан аз ваксинатсия пешниҳод карда мешавад, расман эътироф мегардад.

«Ҳангоми ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати пешниҳоди маълумотнома бо натиҷаи «манфӣ»-и озмоиши вирусологии кишвари хориҷшуда нисбат ба COVID-19, ки ба муҳлати то 72 соат эътибор дорад, аз гузаштани озмоиши такрорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд», — омадааст дар қарор.

Реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар байни аҳолӣ бекор карда мешавад.

Ҳамчунин дар асоси қарори мазкур баргузор намудани тўйи домодию арусӣ ва дигар ҷашну маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда мешавад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 7, 2022 19:07

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн