Дар Данғара таъмини иҷрои қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»-ро баррасӣ карданд

Март 18, 2022 15:57

ДУШАНБЕ, 18.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби масъулини Бахши  кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10— и Ҷамоати деҳоти Оқсу бо хонандагони синфҳои болоӣ ва волидайни онҳо вобаста ба пешгирии омилҳои номатлуб дар байни ноболиғон ва иҷрои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» вохӯрӣ доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ  масъулин иброз доштанд, ки имрӯзҳо  сатҳи оворагардию ҳуқуқвайронкунӣ ва содир гардидани ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон нисбат ба солҳои пешин коҳиш ёфта, падару модарон низ барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандон тадбирҳои зарурӣ андешида,  барои маърифатнок шудани  онҳо шароити хуб фароҳам оварда истодаанд. Аммо бо вуҷуди ин, барои боз ҳам беҳ гардидани вазъ ва ба донишандӯзиву аз худ кардани касбу ҳунар ва  интихоби тарзи  ҳаёти  солим роҳнамоӣ кардани онҳо аз мақомоти дахлдор,  пеш аз ҳама аз падару модар ва омӯзгорон  масъулияти бештар тақозо мегардад.

Таъкид гардид, ки падару модарон дар таъмини иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ташаббускору фаъол  бошанд.Фарзандони худро ба роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватан ҳидоят созанд, то ин ки дар оянда тавонанд аз фарзандони содиқу номдори  худ ифтихор намоянд.

Аксҳо: Бахши  кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара

Март 18, 2022 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид